LIVE

Ҳалокати 174 мухлиси футбол дар Индонезия

Дар Инданезия баъд аз бозии футбол 174 нафар фавтида, 180 тани дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Дар баъзе ҷангҳои байни давлатӣ чунин омори даҳшатангез набуд, ки дар ин футбол рух дод. Рақобатҳои дастаҳои “Арема” ва “Персебая” ҳамеша бо як интригаи хоса пушти сар мешуд, вале ин навбат аз ҳад гузашт. Баъди анҷоми рақобат мухлисони дастаи “Арема” ба сифати эътироз ва норозигӣ нисбати ҳисоби дидор вориди майдон шуданд ва бетартибиҳо ба миён оварданд. Ба нақли роҳбари полиси минтақаи Яваи шарқӣ фавтидани одамон дар ҳоле сар зад, ки вазъияти ба амал омада, махсусан бетартибиҳо аз контроли мо берун шуд ва одамон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дарафтоданд, ки дар натиҷа маҷбур шудем аз газҳои ашковар истифода барем. Ҳамчунин бар такя ба хабарҳо аз шабакаҳои маҷозӣ гуфтан мумкин аст, ки полисҳо дар чанд ҳолат аз норинҷак ва силоҳҳои дигари тарканда истифода бурдаанд. Ин бузургтарин фоҷиа дар футбол баъди 58-сол ба ҳисоб меравад. 174 мурда ва 180 захмӣ. Аксарияти фавтидаҳо бо сабаби таҳаммул накардан зери гази ашковар, баъзеи дигар дар бархурд миёни ҳам ва полисҳо ва аксарияти дигар ҳангоми баромадан аз майдон, ки зери по мондаанд. Президенти мамлакати Инданезия Ҷоко Видодо баъдан ба аҳлу оила ва атрофиёни фавтидагон изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, ки умедворам ин охирин фоҷиа дар Инданезия хоҳад буд. Президенти ФИФА Ҷани Инфантинйо низ чунин изҳори андеша кард, ки Рӯзи сиёҳ барои кулли нафароне, ки ба футбол пайвастагӣ доранд. Ин фоҷиа аз ҳудуди аклҳам берун рафт. Бузургтарин фоҷиаи ба ин монанде, ки дар майдони футбол ба миён омадааст 58 сол пеш вақти бозии мунтахабҳои олимпии Аргентина ва Перу буд. Онҷо низ мақомоти полис аз гази ашковар истифода бурд, ки дар натиҷа 318 нафар фавтид ва 500 нафари  дигар осеб бардошт. Феълан дар Инданезия чемпионати футболиро барои як ҳафта мавқуф гузоштанд ва мотами саросарӣ эълон намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив