LIVE

Як гурӯҳ мухлисони "Челси"-ро ба додгоҳ мекашанд

Бозии дастаҳои "Челси" ва "Тоттенхем" ғайри он бархурде, ки сармураббиҳо Тухел ва Конте нишон доданд, ҳамчунин як мавзӯи ҷанҷолии дигар низ ба миён овардааст. Мухлисони "Челси" дар вақти бозӣ футболбози кореягии "Тоттенхем" Сон Хин Минро мавриди таҳқир қарор додаанд. Ба иттиллои мақомоти полиси Лондон вақте футболбоз зарбаи кунҷӣ иҷро мекард як гурӯҳ мухлисон ӯро бо суханҳои олудаи нажодпарастӣ таҳқир карданд ва кор то ҷое расид, ки кореягӣ баъди бозӣ аз ин амали мухлисони майдони "Стэмфорд бридж" шикоят бубарад. Аллакай мақомоти полиси Лондон болои ин масъала таҳлилу ташхисро оғоз кард ва ҳатто маълум намуд, ки мухлисон воқеан чӣ ҳарфҳоеро нисбати ин футболбоз ба забон оварданд. Барои мухлисон то ҳол маълум нест, ки Сонро дақиқан чӣ гуфта таҳқир карданд, вале аллакай полис чанде аз ин гурӯҳи одамонро муаян кард ва рӯзҳои наздик ҳукми амали онҳоро расонаӣ хоҳад намуд. Бозии дастаҳои "Челси" ва "Тоттенҳэм" бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 хамт шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив