LIVE

Мухлисони ПСЖ Месси ва Неймарро дашном доданд

Мухлисони «Пари Сен-Жермен» дар бозии даври 28-уми Лигаи 1-и Фаронса бо «Бордо» ҳамлагарон Неймар ва Лионел Мессиро таҳқир карданд. Ҳар дафъае, ки ҳамлагарон тӯбро ба даст меоранд, мухлисон ҷониби онҳо садо баланд мекунанд. Мухлисон инчунин ба ҳамлагарон суханҳои таҳқиромез мегуфтанд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Парк де Принс”-и Париж баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Дар баробари ин Неймар муаллифи яке аз голҳо гардид.
Ёдовар мешавем, ки ПСЖ дар Лигаи Чемпионҳо аз “Реал Мадрид” шикаст хӯрд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ПСЖ агар пешниҳоди ҷолибе барои Неймар бигирад, ӯро нигоҳ намедорад. Дар навбати худ, Месси метавонад ба “Барселона” баргардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив