LIVE

Барои чӣ Месси таҳти рақами 10 ба майдон баромад?

Ҳамлагари «Пари Сен-Жермен» Лионел Месси аввалин бозии худро дар ҳайати парижиҳо зери рақами 10 анҷом дод.

Месси дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Фаронса бо дастаи «Нитса» дар ҳайати асосӣ вориди майдон шуд. Гап дар сари он аст, ки Неймар бо сабаби ҷароҳат то ҳол бозӣ карда наметавонад ва дар Ҷоми Фаронса дар давоми мавсим рақамҳои бозиро иваз кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, Месси рақами 10-умро барои бозӣ бо "Нитса" гирифт.

Бозии «Пари Сен-Жермен» - «Нитса»  дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и Париж баргузор шуда, аз рӯйи силсилазарбаҳои 11 метра ба анфъи "Нитса" поён ёфт.

Ёдовар мешавем, ки пас аз гузариши  Месси ба ПСЖ, Неймар рақами 10-и аргентиниро пешниҳод карда буд. Лионел рад кард ва рақами 30-юмро гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив