LIVE

Маълумотҳои нав дар бораи Месси ва "ПСЖ"

“ПСЖ” аллакай бо Леонел Месси ба мувофиқа расидааст. Шартнома то соли 2023 бо имкони тамдиди боз барои як соли дигар ба имзо мерасад. Музди меҳнати бозигар дар клуби шаҳри Париж 50 миллион евро дар як сол бо мукофотҳо дар бар мегирад. 
Дар бораи рақами Месси дар клуби нав маълумот мавҷуд аст, ки ӯ таҳти рақами 19 бозӣ мекунад ва шумораи 10-ро нахостааст аз дасти Неймар бигирад.  “ПСЖ” барои муаррифии ситораи нав бурҷи Эйфелро рӯзи 10 -уми август ба иҷора гирифтааст. Бори охир клуб ин корро замони муаррифии  Неймар анҷом дода буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив