LIVE

Чаро “Ман. Сити” ба ҷойи Месси бо Грилиш шартнома баст?

“Манчестер Сити” дар бораи гузариши нимҳимоятгари “Астон Вилла” Ҷек Грилиш хабар дод. Ниммуҳофизатгар  бо шаҳриҳо  барои шаш сол шартнома баст. Дар клуби нав ӯ таҳти рақами 10 баромад мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ин созишномаи гаронарзиш маҳсуб мешавад.  Ба гуфтаи бархе аз сарчашмаҳо  "Манчестер Сити" барои ин бозигар 117 миллион евро пардохт хоҳад кард.
Грилиш дастпарвари “Астон Вилла” аст ва аз соли 2012 дар ҳайати ин даста бозӣ мекунад.  “Манчестер Сити” мавсими гузашта мақсад дошт то бо Месси қарордод бандад, аммо клуби католонӣ барои рафтани ӯ иҷозат надод, вале ҳоло бозигари аргентинӣ агенти озод аст, вале “Манчестер Сити” хоҳиши бастани шартнома бо ӯро надорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив