LIVE

"Ман Сити" барои муаррифии Месси омодагӣ мегирад

Гузариши ҳамлагари "Барселона" - Лионел Месси ба "Манчестер Сити" наздик мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, клуби англисӣ омодагӣ барои муаррифии футболбози аргентиниро оғоз кардааст. “Манчестер Сити” бо як ширкати бузурги истеҳсолӣ тамос гирифтааст ва барои омода кардани ролики тарғиботӣ бойгонии бозиҳои Мессиро ҷамъоварӣ кардааст. Қаблан гуфта мешуд, ки Месси аз ширкат дар тамринҳои “Барселона” қатъиян даст кашидааст. Ҳамлагари соҳибноми аргентинӣ дирӯз мебоист дар аввалин тамрини даста, баъд аз истироҳат ширкат меварзид, аммо гуфтааст, ки дигар худро бозигари нилунориҳо намешуморад. Футболбоз инчунин гуфт, ки то оғози Чемпионати Испания ӯро дар қароргоҳи асосии клуб интизор нашаванд. “Барселона” дар навбати худ умедвор аст, ки ин бозигар фикри худро дигар мекунад ва ба ҳамдастагонаш мепайвандад. Тибқи шартнома, агар Месси аз 11 то 30 рӯз ба тамринҳо ҳозир нашавад, ӯ ҷаримабандӣ карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив