LIVE

Рақами Месси дар “ПСЖ” кадом аст?


Лионел Месси дар “ПСЖ” таҳти кадом рақам бозӣ хоҳад кард? Рақами Месси, ки бо 10 машҳур аст, дар “ПСЖ” на он хоҳад буд.  Ҳарчанд Неймар ба ӯ пешниҳод намуд, ки рақами 10 – ро, ки алъон пироҳани ӯ аст, гирад. Аммо Месси хоҳиши дӯсташро рад намуд. Қаблан овозаҳо оиди рақами 19-ро гирифтани Лео паҳн шуда буд, ки бо ин рақам қабл аз рақами 10-ро гирифтан бозӣ мекард. Аммо хабаргузории испании Marca хабар медиҳад, ки Месси рақами 30 – ро мехоҳад. Бо ин рақам ӯ бори аввал дар ҳайати “Барселона” ба майдон баромада буд. Одатан дар Лигаи 1 Фаронса, ин рақамро барои дарвозабонон мегузоранд, аммо Лигаи 1 ба хотири Месси аз ин қоидаи худ истисно мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив