LIVE

"ПСЖ" қасди худро аз "Боруссия" гирифт

Дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо бошгоҳи «Пари Сен-Жермен» дар хонааш тими «Боруссия»-ро қабул намуд. Гарчанде, ки ин дидор бар асари хурӯҷи бемории коронавирус бидуни мухлис баргузор шуда бошад ҳам, аммо бошгоҳи “ПСЖ” ба дастгирии мухлисон нигоҳ накарда, бо натиҷаи 2:0 пирӯз шуда, ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин майдондорӣ голҳоро Неймар ва Хуан Бернат муаллифӣ карданд. Ҳамин тавр аз натиҷаи ду бозӣ “ПСЖ” бо ҳисоби 3:2 дастболо гардида, гузарномаи даври ¼ ниҳоиро моли худ кард. Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо дар Дортмунд бо ҳисоби 2:1 ба суди мизбонон хотима ёфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив