LIVE

Ҷанги Неймар ва Доннарумма пас аз бозӣ бо “Реал Мадрид”

Бохти «Пари Сен-Жермен» дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бо «Реал Мадрид» (1:3) сабаби ихтилофи назар дар ҳайати тими парижӣ гардид. Пас аз бозӣ байни ҳамлагари бразилӣ Неймар ва дарвозабони итолиёвӣ Ҷанлуиҷи Доннарумма муноқиша ба амал омад, хабар медиҳад Marca.
Ба гуфтаи ин манбаъ, миёни Неймар ва Доннарумма муноқиша сар зад, ки қариб ба занозанӣ табдил ёфт. Нахуст, бразилӣ дарвозабонро барои иштибоҳ дар голи аввал сарзаниш кард. Дарвозабон Неймар дар задани голи дуюми “Реал Мадрид” айбдор кард. 
Муҳокима ба дараҷае авҷ гирифт, ки бозигарони боқимондаи ПСЖ маҷбур шуданд, ки Неймар ва Доннаруммаро ҷудо кунанд, то занозанӣ табдил наёбад. 
Ёдовар мешавем, ки "Реал Мадрид" бар ПСЖ аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, ба даври 1/4 финали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив