LIVE

«Реал» бо шарофати хет-трики Бензема бар «ПСЖ» ғалаба кард

Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “ПСЖ” ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи "Сантяго Бернабеу" бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 39-ум Килиан Мбаппе боз кард. Неймар ба Мбаппе партофт намуд, ки ҳамлвари 22 сола бо вориди ҷаримагоҳ шуда,  зарба зад - Тибо Куртуа дар назди суръати тӯб оҷиз монд. 
Сипас Карим Бензема пас аз хатои Ҷанлуиҷи Доннарумма ҳисобро баробар кард. Доннарумма, ки бо тӯб буд, зери фишори Бензема қарор гирифт ва баъд Винисиус Жуниор дигарбора ба Карим пас дод, ки ҳамлавари фаронсавӣ ҳисобро баробар намуд. 
Карим Бензема дар дақиқаи 76-ум дубл намуд. Ду дақиқа пас  Бензема хет трик намуд. 
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал ПСЖ дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд. Дар диори аввал низ Килиан Мбаппе голзанӣ намуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив