LIVE

Бензема 1000-умин голро ба ҳадаф расонид

Дастаҳои "Реал Мадрид“ ва “Шахтёр“-и Донетск шомили гурӯҳи "Д"-и мусобиқаи Лигаи Қаҳрамонҳо мебошанд. Дар доираи даври 4-ум ҳар дуи ин тим дар майдони муҳташами "Сантяго Бернабеу" вохӯрданд. Вохӯрӣ бо ғалабаи минималии мизбонон ба анҷом расид. Қаҳрмонони асосии бозӣ Винисиус Ҷуниор ва Карим Бензема гардиданд. Ҳисоби бозиро Карим Бензема дар дақиқаи 14-ум боз кард. То ба танаффус баромадан бачаҳои шаҳри Донетск ҳисоби бозиро мусовӣ намуданд. Муаллифи гол Фернандо гардид. Дар қисми дуюм бошад ҳар ду даста имкони голзанӣ доштанд. Аз ин имкониятҳо танҳо Карим Бензема хуб истифода намуда, голи бениҳоят муҳими тимашро ба ҳадаф расонид. Ёдовар мешавем, ки Карим Бензема дар ин вохӯрӣ 1000-умин голи дастаи шоҳонаи "Реал Мадрид"-ро дар рақобатҳои Лигаи Қаҳрамонҳо ба самар расонид.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив