LIVE

Ғалабаи "Челси" дар бозии аввали даври ½ ниҳоии Ҷоми Лига бар "Тоттенхэм"

Дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ»-и шаҳри Лондон «Челси» дар доираи бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Лигаи Англия дастаи «Тоттенҳэм»-ро қабул кард. Шогирони Тухел бо хисоби 2:0 галаба карданд. Ҳисоб дар аввали бозӣ кушода шуд. Нимҳимоятгар Кай Ҳавертс дар дақиқаи 5-ум гол зад. Дар дақиқаи 34-ум ҳимоятгари «Тоттенҳэм» Бен Дэвис ба дарвозаи худ гол зад. Бозии дувуми нимниҳоии Ҷоми Лига миёни дастаҳои “Челси” ва “Тоттенҳэм” рӯзи 12 январ дар варзишгоҳи “Тоттенҳэм”-и Лондон баргузор мешавад. Ғолиби феълии ин мусобиқа «Манчестер Сити» мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив