LIVE

Ғалабаи "Челси" дар дербии Лондон

Дар бозии марказии даври 22-юми Премйер-Лигаи Англия, "Тоттенҳэм" дар майдони худ бо дастаи "Челси" рақобат кард. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Ягона гол аз зарбаи ҷаримавии 11-метра зада шуд. Муаллифи он ниммуҳофизатгар Жоржинио буд. Ҳамин тариқ дастаи "Тоттенҳэм" бори нахуст баъди соли 2012 дар се бозии паийҳам шикаст мехурад. Дар 12-бозии охир бошад, Мауринио ва дастааш 3-пирӯзӣ ба даст овардаанд, ки ба натиҷаи барканоршавии Маурисио Почетинио монандӣ дорад. Бозии ояндаи худро дастаи "Челси" дар сафар бо "Шеффиолд Юнайтед" баргузор мекунад. "Тотенҳэм" тими "Вест Бромвич"-ро қабул хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив