LIVE

Пирӯзии “Челси” дар дербии Лондон

Рақобати марказии даври 20-уми Премйер-лигаи Англия, ин дидори тимҳои лондонии “Арсенал” ва “Челси” маҳсуб мешуд. Дар ин бозӣ “ашрофзодаҳо”  бо натиҷаи 2:1 зафар ёфтанд. Ҳанӯз дар дақиқаи 13-ум ҳамлавари габонии “Арсенал” Пйер-Эмерик Обамейанг мизбононро ба пеш баровард. Дар дақиқаҳои 83-юм Жоржиню аз иштибоҳи дарвозабони “Арсенал” - Бернда Лено истифода карда, ҳисобро баробар кард. Баъд аз се дақиқа Тэмми Абраҳм ба бозӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошта, пирӯзии “Челси”-ро дар дербии шаҳри Лондон таъмин кард. Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин бозии “Арсенал” бо роҳбарии Микел Артета ба ҳисоб меравад. Баъди ин бохт “Арсенал” бо касби 24 имтиёз дар зинаи 12-ум қарор дорад. “Челси” бошад, 35 хол дораду дар зинаи 4-ум ҷой гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив