LIVE

Оё медонед, ки сутун ва тири дарвозаи футбол кай пайдо шудаанд?

Соли 1866 ба ҷои дарвозаҳои имрӯза дар футбол, таноб (ресмон)-ро дар шакли кашидашуда истифода мебурданд, ки аз штанга то баландӣ кашида мешуд. Соли 1875 бо ташаббуси Ассотсиатсияи футболи Шеффилд (дар Англия) аввалин бор ба ҷои ресмон чизи сахти меистодагиро истифода бурданд. Ва ҳамон сол, размери дарвозаи футбол тасдиқ карда шуд. Он бараш 7 м 32 см ва баландиаш 2 м 44 см муайян карда шуд. Дар ҳисоби англисӣ бар – 8 ярд ва баландӣ 8 фут буда, ҳисоби осон ба шумор меравад. Тӯри дарвоза бошад, аввалин маротиба 23 марти соли 1891 расман дар бозии мунтахабҳои Шимол ва Ҷануби Англия мавриди истифода қарор гирифт. Худи тӯри дарвоза, соли 1890 Ҷон Броди аз Ливерпул, ки соҳиби ширкати истеҳсоли тӯри моҳигирӣ буд, барои истифода дар футбол пешниҳод намуд. Бошгоҳи машҳури он вақта «Болтон Уондерерс» барои ӯ 6 пенс маблағ пардохт намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив