LIVE

«Панҷшер» чемпиони Тоҷикистон миёни бонувон

Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 13-сола дар соли 2022 гардид. 
Дар марҳилаи ҷумҳуриявии Чемпионати мазкур ғолиби чор минтақа – “Панҷшер”-и Ҷ. Балхӣ, “Ҳолсилот”-и Фархор, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Мастчоҳ”-и Хуҷанд иштирок намуда, байни ҳам барои мақоми аввали чемпионат мубориза намуданд.
Дар натиҷа, дастаи “Панҷшер” баъди пирӯзӣ бар ҳарифон, дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, соҳиби медалли тилло ва ҷом гардид. 
Зинаҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор ва “Мастчоҳ”-и Хуҷанд ишғол намуда, соҳиби медали нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Ҳамзамон, сармурабии дастаи “Панҷшер” Исматов Содиқ беҳтарин мураббӣ дар соли 2022 интихоб гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив