LIVE

Дастаи "Хатлон" - қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2021

Дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар маросими ҷоисасупории Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи футболи бонувон баргузор гардид.
Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар рафти чемпионат маҳорати баланд нишон дода, дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, соҳиби медали тилло ва Ҷоми чемпионат гардид. Зинаҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои "Зебонисо"-и шаҳри Душанбе ва "Суғд"-и вилояти Суғд ишғол намуданд. Ҳамчунин, баъд аз анҷоми мусобиқа дарвозабони беҳтарин Адолатхон Комилова аз дастаи “Хатлон”, нишонзани беҳтарин Лайло Ҳалимова аз дастаи “Хатлон”, бозингари беҳтарин Саидова Марҷона аз дастаи “Зебонисо” ва мураббии беҳтарин Қурбонгул Қурбонова аз дастаи “Хатлон” дониста шуданд.
Дар маросими ҷоисасупорӣ муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, роҳбари департаменти техникии ФФТ, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Ҳусейн Саидзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив