LIVE

«МОҲИР»-И ЁВОН БА ЛИГАИ 1 РОҲХАТ ГИРИФТ

Дастаи "Моҳир" имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон дар бозии даври 22-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон тими "Пахтакор"-и ноҳияи Қубодиёнро бо ҳисоби бузург шикаст дод ва баъд аз ин ғалаба дар садри ҷадвали чемпионати имсола қарор гирифт.
Дар натиҷа, футболбозони «Моҳир» Ҷоми ин мусобиқаро ба даст оварда, ба лигаи 1-уми чемпионати кишвар роҳхат гирифт. Дастаи мазкур дар лигаи дуюми чемпионати Тоҷикистон 22 бозиро бо натиҷаи 18 ғалаба, 2 бохт ва 2 мусовӣ анҷом додааст. Ба дарвозаи ҳарифони худ 90 гол ворид намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 56 хол гардидааст.
Дар маросими тантанавии тақдими Ҷоми мусобиқа ва медалҳо барои ҷойи якум иҷрокунандаи раиси ноҳия Ёвон Саидзода Ҷамшед ва муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов иштирок намуданд. Дар охир, Ҷоми мусобиқа ва медалҳои тиллои лигаи 2 ба футболбозон ва ҳайати мураббиёни даста дар ҳолати тантанавӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуотии Федератсияи
футболи вилояти Хатлон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив