LIVE

«Хатлон» ғолиби даври аввали Лигаи футболи бонувон

Даври якуми чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои занона ба анҷом расид. Футболбозбонувони дастаи «Хатлон»-и Бохтар зинаи аввалро ишғол намуд. 
 Бозиҳои даври панҷуми мавқуфгузоштаи чемпионати кишвар байни дастаҳои занона баргузор шуданд. Пешсафи мусобиқа “Хатлон”-и Бохтар силсила ғалабаҳоро дар чемпионат идома дода, дар меҳмонӣ бар тими “Конибодом”(6:1) пирӯз шуд. 
⠀Ғолиби феълии Лигаи футболи занона, дастаи пойтахт "Зебонисо" бар "Чашма"-и Шаҳритус (17:0) ғалаба кард. Дар бозиҳои дигари давр, “Ҳосилот” “Нушофарин”-ро (6: 0) мағлуб кард. ⠀
Ҳамин тариқ, даври якуми чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои занона ба анҷом расид. Пас аз 10 бозигӣ,  «Хатлон» -и Бохтар бо (27 хол) пешсаф аст. Ҷойи дуюмро дастаи "Зебонисо" -и пойтахт бо 21 хол ишғол мекунад. Дастаи “Суғд” бо 18 имтиёз мақоми сеюмро ишғол менамояд. 
⠀Рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин дар чемпионати Тоҷикистон-2021-ро то ҳол Лайло Ҳалимова аз “Хатлон” сарварӣ мекунад, ки аз аввали мавсим 34 гол задааст.
⠀Даври дуюми Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл оғоз меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив