LIVE

Ғалабаи “Хатлон” дар Чемпионат

Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи занона дар соли 2020 оғоз гардид. Дар бозии аввали давр ду дастаи пурқувват - қаҳрамони феълии  мусобиқа “Хатлон” -и Бохтар ва “Зебуннисо”-и  Душанбе вохӯрӣ анҷом доданд. Дидори дастаҳо дар майдони сеюми варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди бонувони шаҳри “Бохтар” хотима ёфт. Ягона голи дидорро дар оғози бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 2-юми пайти аввал бозигари тими “Хатлон” - Муҳайминаи Гулаҳмад вориди дарвозаи рақиб намуда, пирӯзии тимашро дар бозии аввали Чемпионат таъмин сохт. Мавриди зикр аст, ки дар Чемпионати мамлакат байни дастаҳои футболи занона 8 тим вилояти Хатлонро намояндагӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив