LIVE

“Хатлон” аввалин шуда ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ баромад

Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи даври чоруми Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо дастаи “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон вохӯрӣ анҷом дод, ки бозингарони дастаи “Панҷшер” бо ҳисоби 1:0 шикаст хурданд. Рақобати марказии даври сеюми Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар миёни дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Бохтар 33-33”-и шаҳри Бохтар буд,  ҳарду дастаҳои шикастнопазир маҳсуб меёфтанд.  Дар натиҷа, дастаи “Хатлон” бо ҳисоби 1:0 комёб гардид.  “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиён дар доираи ин давр бо дастаи “Чашма”-и ноҳияи Шаҳритус рақобат намуд, ки дастаи “Чашма” бо ҳисоби калони 5:1 пирӯз шуд.
“Панҷшер” – “Моҳир”   0:1
 “Хатлон” - “Бохтар 33-33” 1:0
“Пахтакор” - “Чашма”  1:5


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив