LIVE

Бозигарони дастаи “Хатлон” соҳиби унвони варзишӣ шуданд

Ситоди мураббиён ва бозигарони тими занонаи “Хатлон”, ки дар Чемпионати мавсими гузаштаи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи бонувон зинаи аввалро касб намуда буд, аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳодатномаи “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол” қадрдонӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли гузашта дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар 16 бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовиву як бозиро бо бохт анҷом дод ва бо 49 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, соҳиби медалли тилло ва ҷоми лигаи бонувони кишвар гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив