LIVE

Ба дастаҳои футбол либос ва лавозимоти варзишӣ дастрас шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар дастгирии тимҳои Лигаи олиро идома медиҳанд. Пеш аз оғози даври 5-уми Чемпионат, ҳама ҳайати асосии ва эҳтиётии дастаҳо бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин гардиданд. Инчунин  дар ин баробар ба ҳар даста сару либоси варзишӣ барои тамрин,  ва дигар лавозимоти зарурӣ дастрас карда шуд. Тамоми таҷҳизоти варзишӣ аз ҷониби шарикони ФФТ таҳия гардида, сифати баландро доро мебошад. Ғайр аз ин, ба дастаҳои Лигаи олӣ тӯб тақдим шуд. Дар рӯзи дуюм  се даста аз он ҷумла “Куктош”-и ноҳияи Рӯдаки, “Хатлон”-и шаҳри Бохтар, “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода соҳиби лавозимотҳои варзишӣ гардиданд. Қобили зикраст, ки охири моҳи апрел бинобар сабаби хуруҷи бемории Ковид-19 Чемпионати кишвар оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба таъхир гузошта шуд. ФФТ иттилоъ дод, ки  чемпионати мамлакат аз 16-уми июн идома меёбад. Пас аз чор давр тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бо ба даст овардани 10 имтиёзӣ дар ҷадвали умуми пешсафиро дар ихтиёр доранд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив