LIVE

Манъи бозиҳои Лигаи олӣ ва дигар мусобиқаҳои футболӣ ба вақти номаълум

Дар робита ба хурӯҷи коронавирус Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хулосае омад, ки Чемпионати кишвар миёни дастаҳои Лигаи олӣ ва дигар мусобиқаҳои нақшавиро ба вақти номуайян манъ кунад. Қаблан таваққуф дар ин мусобиқот то 10-уми май эълон гардида буд.   Федератсияи футболи кишвар иқдом гирифт, ки ғайр аз мусобиқаҳои футбол дигар чорабиниҳои оммавиро дар ҳудуди мамлакат рӯзҳои наздик доир накунад ва онҳо дар ҳоле дубора аз сар гирифта мешаванд, ки бехатарӣ пурра таъмин бошад. Аз сабаби бемории КОВИД-19 масъулини футболи кишвар намехоҳанд ба саломатии иштирокчиёни мусобиқаҳо зарар расонанд. Ёдовар мешавем, ки баъд аз даври 4-уми Чемпионати мамлакат бозиҳо ба мавқуф гузошта шуда буданд, ки дастаҳои Истиқлол ва Хатлон садрнишини ҷадвал маҳсуб мешаванд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив