LIVE

Рӯзи бозгашти Чемпионати Тоҷикистон маълум шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавриди рӯзи бозгашти Чемпионати кишвар оид ба футбол хабар дод.  Тавре гуфта мешавад, шуруъ аз 16 июн бозиҳои Чемпионати мамлакат миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд. Бо мақсади пешгирӣ аз хуруҷи вируси тоҷ дидорҳо бидуни мухлис сурат мегиранд. Ёдовар мешавем, ки охири моҳи апрел бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон бо сабаби бемории сироятии каронавирус мувақатан боздоша шуда буд. Дар ҳамин раванд Федератсияи футболи Тоыикистон ба хулосае омад, ки даври мусобиқотро камтар намояд ва ҳамакнун дастаҳои Лигаи олӣ ду давр бозӣ мекунанд.  Баъд аз иқдоми мазкур ҳар як тимҳои футболи мамлакат дар маҷмуъ 18 бозӣ анҷом медиҳанд. То ба ҳол 4 даври чемпионат баргузор шудааст, ки дастаҳои футболи «Истиклол» ва «Хатлон» бо касби 10 имтиёзӣ садрнишини ҷадвали умумӣ маҳсуб мешаванд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив