LIVE

"Панҷшер" - ғолиби чемпионати Тоҷикистон дар баини духтарони то 15 -сола

Дастаи “Панҷше” аз Ҷалолиддини Балхӣ ғолиби чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15 -сола шуд.
 Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15 -сола имсол дар ду марҳила - пешакӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд.
Шаш даста ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд. Бозиҳо дар як давр доир шуданд. Дастаи “Панҷшер” аз Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамаи панҷ бозӣ пирӯз шуда, бо 15 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Медалҳои нуқра насиби бозигарони дастаи “Бешкент” шуд (10 хол). Медалҳои биринҷиро футболбозони «Навбаҳор» -и Мастчоҳ ба даст оварданд.
Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15 -сола
Беҳтарин дарвозабон Мафтуна Деҳконова (Панҷшер) аст.
Беҳтарин нишонзан - Улҷамол Элмуродова (Бешкент) - 41 гол.
Бозигари беҳтарин Дилдора Имомалиева (Панҷшер) аст.
Мураббии беҳтарин Содиқҷон Исматов (Панҷшер) аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив