LIVE

Дар Хатлон Фестивали футбол байни духтарон баргузор шуд

5-уми августи соли 2021 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фестивали футбол байни духтарони аз 6 то 12 сола таҳти унвони (FIFA Women’s Football Campaign) баргузор гардид. Фестивали мазкурро Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи байналмилалӣ (FIFA) доир намуд, ки дар он дастаҳои духтарони "Бешкент"-и Носири Хусрав, "Зебо"-и Дӯстӣ, "Чашма"-и Шаҳритус ва "Панҷшер"-и Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намуданд. Дар фестивали мазкур  зиёда аз 120 духтар иштирок намуданд, ки аз тарафи Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив