LIVE

Дар Бохтар чемпионати Тоҷикистон байни кӯдакони 12 ва 13 сола оғоз шуд

Марҳилаи вилоятии Чемпионати Тоҷикистон байни кӯдакони U-12 (то 12 сола) ва U-13 (то 13 сола) дар минтақаи Бохтар шурӯъ гардида, то 30 август идома меёбад.  Дар мусобиқа миёни кӯдакони 12-сола  12 даста  аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Н.Хусрав, Шаҳритус, Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён (ду даста), Панҷ, Дустӣ, А.Ҷомӣ, Ёвон, миёни ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳо дар ду минтақа – минтақаи А. Ҷомӣ ва Шаҳритус баргузор мегардад.  Дар Чемпионати Тоҷикистон байни кӯдакони 13-сола бо иштироки 12 даста дар ду минтақа – Шаҳритус ва А. Ҷомӣ доир мегардад. Дар ин мусобиқа кӯдакони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Н. Хусрав, Шаҳритус, Ҷайҳун, Ҷ. Балхӣ, Қубодиён, Панҷ, Дӯстӣ, А.Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон иштирок мекунанд.  Мавриди зикр аст, ки дар минтақаи Шаҳритӯс дастаҳо дар ҳарду сину сол ба ду зергурӯҳ ҷудо шудаанд.
Дар натиҷа,  ғолиби гурӯҳи “А” бо дастаи ғолиби гурӯҳи “Б” рақобат мекунад. Сипас, ғолиби  минтақаи Ҷ. Балхӣ барои роҳхат гирифтан ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ бо дастае, ки дар бозиҳои минтақаи Бохтар ҷойи дуюмро ишғол намудааст, вохӯрӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки дар минтақаи Бохтар мақоми аввалро соҳиб шудааст, ба даври ҷумҳуриявии Чемпионати Тоҷикистон байни кӯдакони U-12 (то 12 сола) ва U-13 (то 13 сола) роҳхат мегирад. Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон байни кӯдакони U-12 (то 12 сола) ва U-13 (то 13 сола) дар минтақаи Бохтар бо чунин натиҷаҳо ҷамъбаст шуданд.
Чемпионати Тоҷикистон. U-12. Марҳилаи вилоятӣ. Даври 1-ум
1.«Н.Хусрав»-«Қубодиён»  1:3  
2. «Ҷайҳун»-«Дӯстӣ»      0:3  
3. «Ҷ. Балхӣ» - «Қубодиён-2»   4:1
4. «Шаҳритус» - «Панҷ»  2:2                                                                    
Чемпионати Тоҷикистон. U-13. Марҳилаи вилоятӣ. Даври 1-ум  
1.« А.Ҷомӣ» - « Хуросон»  3:1                      
2.«Н. Хусрав»-«Қубодиён» 2:1                  
3. «Ҷайҳун»-«Дӯстӣ»        0:3            
4. «Шаҳритус» - «Панҷ»    2:0   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив