LIVE

15 узви мунтахаби Испания талаб дорад, то сармураббӣ иваз карда шавад

Пас аз он ки федератсияи футболи Испания дархости футболбозбонувонро  дар бораи иваз кардани сармураббӣ рад кард, 15 бозигар тими миллии Испанияро тарк мекунанд, гуфта мешавад дар изҳороти федератсия.

Федератсия гуфт, ки аз 15 бозигар мактубҳои якхела гирифтаанд, ки дар онҳо омадааст, агар сармураббӣ Хорхе Вилда барканор нашавад, дастаро тарк хоҳанд кард. Тибқи изҳороти бозигарон, вазъ ба "ҳолати эмотсионалӣ" ва саломатии онҳо "ба таври назаррас" таъсир кардааст.

Федератсия номи футболбозонеро, ки ин талабро ба миён гузоштаанд, нагуфт. Ба навиштаи расонаҳои Испания, барандаи “Тӯби тиллоӣ” Алексиа Путеллас дар миёни онҳо набуд.

«Федератсия ба бозигарон иҷозат намедиҳад, ки вориси мураббии миллӣ ва ҳайати мураббии ӯро зери шубҳа гузоранд, зеро ин масъулияти онҳо нест. Чунин амали духтарон ба арзишҳои футбол ва варзиш мувофиқат намекунанд. Ин беш аз як масъалаи варзиш аст, ин як масъалаи шаъну шараф аст. Ин як ҳолати бесобиқа дар таърихи футболи мардона ва занона дар Испания ва тамоми ҷаҳон аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив