LIVE

Шикояти Эден Азар аз Анчелотти

Капитани мунтахаби Белгия ва “Реал Мадрид” - Эден Азар дар бораи мавқеъи худ дар бошгоҳи мадридӣ пас аз ғалабаи Лигаи Миллатҳо бар Уэлс изҳори таассуф кард, ки дар испания ба ӯ имкони бозии бештар намедиҳанд.  
"Ман танҳо мехоҳам бозӣ кунам. Мушкилтарин давраро дар корномаи варзишиам мегузаронам, зеро кам ба майдон мебароям. Бо вуҷуди ин, ман ҳамеша барои бозӣ омодаам, зеро ман дар ҳақиқат мехоҳам бозӣ кунам. Ин вазъияти душвор аст. Медонам, ки ман метавонам ба даста кӯмаки бештар оварам, аммо барои ин бояд бештар бозӣ кунам. Мехоҳам ба сатҳи баланд баргардам.
Барои чӣ Анчелотти ҳамеша мегуяд, ки ба Азар бовар дорам, аммо ҳамеша Шуморо дар ҳайати захиравӣ нигоҳ медорад? Шумо бояд ин саволро ба ӯ диҳед. Вақте ки ӯро мебинед, аз ӯ пурсед". 
Рӯзи 6-уми сентябр Азар барои аввалин бор аз моҳи январ дар бозии расмӣ бо тими «Селтик»-и Шотландия дар Лигаи Чемпионҳо дар ҳайати «Реал Мадрид» гол зад. Дар мавсими ҷорӣ Эден ду маротиба дар ҳайати асосӣ баромад, ду маротиба ҳамчун ивазкунанда баромад ва панҷ бозии дигарро дар курсӣ гузаронид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив