LIVE

“Реал” ба хотири Эден Азар боз аз "Челси" қарздор шуд

"Челси" аз ҳисоби трансфери Эден Азар аз “Реал” боз маблағ мегирад. Азари 31-сола соли 2019 ба тими испанӣ пайваст. “Реал Мадрид” дар доираи шартномаи тарафайн барои бозигари собиқи “Челси” 115 миллион евро пардохт карда буд. Аммо дар ин қарордод дар сурати муваффақиятҳои “Реал Мадрид” мукофотпулиҳо низ дар назар гирифта шудааст.  Бошгоҳи шоҳона барои пирӯзӣ дар Лигаи Чемпионҳо бояд ба дастаи “Челси” боз 15 миллион евро пардохт кунад. Дар соли 2020 “Реал Мадрид” пас аз пирӯзӣ дар Ла Лига ба дастаи лондонӣ 20 миллион евро пардохт карда буд. Ёдовар мешавем, ки аз замони ворид шуданаш ба бошгоҳи мадридӣ, нимҳимоятгари белгиягӣ дар 66 бозӣ дар тамоми мусобиқот 6 гол ва 10 ассист кардааст. Тибқи иттилои Transfermarkt, Эден Азар дар тӯли фаъолияти худ дар “Реал Мадрид” 16 маротиба ҷароҳат бардоштааст, ки дар натиҷа ӯ дар 72 бозӣ ширкат накардааст. Дар мавсими ҷории Лигаи Чемпионҳо Азар дар маҷмуъ 83 дақиқа дар майдон будааст ва ягон амали хотирмоне надорад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив