LIVE

Азар ба "Челси" бармегардад ё не?

Собиқ бозикуни тими "Челси" -  Эден Азар нахустин мавсими худро дар тими "Реал" баҳо дод ва бозгашти худро ба Лондон инкор кард. 
"Нахустин мавсими ман дар "Реал" хуб набуд, аммо инро наметавон бад гуфт. Барои ман ин марҳилаи мутобиқшавӣ маҳсуб меёбад, ба ҳамин хотир аз ман дар мавсими дуюм натиҷа талаб мекунанд. Ду маротиба сахт лат бардоштам ва ин нагузошт то дар Испания ба таври зарурӣ бозӣ кунам. Умед дорам, ки соли оянда ҳар он ҳунаре, ки дорам нишон хоҳам дод. Бароям "Реал" ва ҳамдастагони навам писанданд. Ҳоло вақт дорам то ба "Реал" исбот кунам, ки онҳо дар хариди ман иштибоҳ накардаанд. Баргаштан ба "Челси"? Ман барнамегардам, зеро ин ғайриимкон аст", иқрор шудааст, Азар.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив