LIVE

Чаро Анчелотти аз Марсело ва Азар узр пурсид?

Сармураббии бошгоҳи “Реал Мадрид” - Карло Анчелотти дар бораи пирӯзӣ бар “Шахтёр”-и Донетск дар бозии даври гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо изҳори назар кард. Клуби Испания рақибашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Мутахассис гуфт, ки дар утоқи либоспӯшӣ аз Марсело, Эден Азар ва Марко Асенсио, ки нимаи дуюми бозӣ дар канори майдон омода шуданд, аммо вориди майдонашон накард, узр пурсид.
— Ғазаболуд шудан ин хуб аст. Ман мефаҳмам, ки бозингаре, ки пас аз 40 дақиқаи гармкунию омодагӣ гирифтан ба майдон намебарояд, чӣ фикр мекунад. Ман ба бозигарон гуфтам, ки хеле пушаймонам, аммо чизеро тағир додан намехостам. Марсело бисёр унвонҳои Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардааст, аммо ин як қисми кори ман аст ва ин як ҷанбаи ногувор аст. Ман фикр мекунам, ки Азар ба бозӣ омода аст, ин метавонад рӯзи шанбе рӯй диҳад. Ман мехостам, ки ӯро ба ин бозӣ ворид кунам, аммо барои он ки дар майдон бештар минтақаҳои озод дошта бошам, аз вингер истифода барам, - гуфт Анчелотти.
Дастаи Карло Анчелотти бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи D ба зинаи аввал баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив