LIVE

Тоҷикистон дар финали Ҷоми президенти Қазоқистон

Мунтахаби то 16 солаи Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон пирӯзии навбатии хешро соҳиб шуд. Дар бозии дуюми гурӯҳи “В” шогирдони Аҳлиддин Турдиев ҳамтоёни қазоқии худро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, роҳхати даври финалиро соҳиб шуданд. Аз ҳайати мунтахаби мо голҳоро Раҳматшо Раҳматзода ва Муҳаммадворис Сайдалиев муаллифӣ намуда, пирӯзии мунтахаби кишварро таъмин намуданд. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон баъд аз бозӣ байни тимҳои Қазоқистон (U-17) ва Литва (U-17) муайян мешавад. Хотиррасон мекунем, ки дар даври якум наврасони кишвар тими Арманистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.
Ҷоми президенти Қазоқистон-2019
Гурӯҳи “В”
Даври дуюм
Қазоқистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2
Голҳои Тоҷикистон: Раҳматшо Раҳматзода, Муҳаммадворис Сайдалиев

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив