LIVE

Погба пояшро ҷарроҳӣ мекунад. Ширкат дар ҶҶ зери суол аст

Нимҳимоятгари «Ювентус» ва мунтахаби Фаронса Пол Погба шояд дар чемпионати ҷаҳон ширкат накунад. Дар ин бора Фабритсио Романо хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, футболбоз тасмим гирифтааст, ки мениски зонуи росташро ҷарроҳӣ кунад, зеро табобат натиҷа намедиҳад. Пас аз ҷарроҳӣ нимҳимоятгар бояд ҳадди аққал шаш ҳафта аз майдон дур бошад. Ҷоми ҷаҳон бошад, 20 ноябр оғоз мешавад.

Погбаи 29-сола аз соли 2013 дар ҳайати тими миллии Фаронса бозӣ мекунад. Дар маҷмуъ, ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 91 бозӣ анҷом дода, 11 гол задааст. Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив