LIVE

Эден Азар метавонад дар идомаи мавсим ва Евро-2020 ба майдон набарояд

Нимҳимоятгари “Реал” – Эден Азарро шояд ҳафтаҳои наздик ҷарроҳӣ кунанд. 
Тибқи иттилои Marca, футболбози белгиягиро то ҳол дарди пойҳояш азият медиҳад ва эҳтимол меравад, ки ин омил боис ба зуд зуд осеб бардоштани мушакҳояш гаштааст.  Барои аз ин зарар халос шудан Азарро ҷарроҳӣ кардан мумкин аст. Ҳоло атрофиёни футболбоз вазъро бо клуб муҳокима карда, амалиёт талаб мекунанд. Ба эҳтимоли зиёд, "Реал" розӣ мешавад. Агар амалиёт гузаронида шавад, пас Азар эҳтимол дорад, ки боқимондаи мавсимро аз даст диҳад. Иштироки ӯ дар Евро-2020 низ зери суол мемонад. Азар дар бозӣ бо “ПСЖ” рӯзи 26-уми ноябри соли 2019 осеб гирифта буд ва моҳи марти соли 2020 ҷарроҳӣ карда шуд. Табибони “Реал” он замон кӯшиш кард, ки осебро бо усулҳои консервативӣ табобат кунад, аммо ин усул натиҷа надод. Пас аз ин Азар дар Даллас ҷароҳӣ карда шуд. Рӯзҳои охир футболбоз аз дарди сахти пояш шикоят мебарад.  Ҳамлагари мунтахаби Белгия бо мушкили хуб набудани вазъи саломатияш  тақрибан як моҳ дар майдон набуд. Аз замони омаданаш ба “Реал Мадрид” Азар дар маҷмуъ 320 рӯзро дар пушти кати беморӣ гузаронидааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив