LIVE

Расман: Обамеянг - футболбози "Челси"!

Ҳамлагари "Барселона" Пйер-Эмерик Обамеянг ба "Челси" гузашт. Дар ин бора саҳифаи расмии лондониҳо хабар дод.

«Ман хеле хурсандам. Ман фахр мекунам, ки як қисми ин даста ҳастам ва бесаброна интизори бозӣ дар "Челси" ҳастам. Ман дар Премйер Лига корҳои нотамом доштам, ҳамакнун бо баргаштанам кӯшиш мекунам, ки онҳоро анҷом диҳам”, - мегӯяд Обамеянг.

Ҳамлагари 33-сола қабл аз баста шудани равзанаи трансферӣ бо "кабудҳо" шартномаи дусола баст ва шашумин бозигари нави даста дар мавсими тобистона гардид.

Ёдовар мешавем, ки Обамеянг моҳи январи соли 2022 ройгон ба "Барселона" гузашт. Дар ҳайати «Барселона» ҳамлагар дар 24 бозӣ 13 гол ва 1 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив