LIVE

Тен Ҳаг:"Роналду аз боқӣ монданаш дар МЮ шод аст..."

Сармураббии дастаи «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Ҳаг гуфт, ки ҳамлагар Криштиану Роналду дар даста боқӣ мемонад.

“Мо дар як мавҷ ҳастем. Роналду аз мондан хурсанд аст, вагарна дар ин ҷо намешуд. Мо аз аввал гуфта будем, ки бо Роналду ояндаро ба нақша гирифтаем, мо аз ӯ хурсандем, ӯ аз он шод аст, ки дар ин ҷост ва мо мехоҳем мавсимро якҷоя бо муваффақият анҷом диҳем. Маълум аст, ки мо хайатро пурзур кардем. Ман ҳамеша мехоҳам ба ҳадди аксар ноил шавам, аммо дар баъзе мавридҳо шумо бояд аз он чизе ки доред, қаноатманд бошед. Гап инчунин дар бораи инкишоф додани коллектив, шахсони алохида, мустахкам ва устувортар гардондани коллектив, бехтар намудани сифат аст”,- иқтибос меорад Sky Sports суханони тен Ҳагро.

Қаблан тен Ҳаг гуфта буд, ки Роналду ҳадди ақал то таътили зимистона дар даста боқӣ мемонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив