LIVE

Каземиро метавонад, ки Мадридро бо Манчестер иваз намояд

"Манчестер Юнайтед" дар андешаи ҷалби як ниммуҳофизатгари марказӣ мебошад ва барои анҷом додани чунин трансфер талош дорад.  Роҳбарияти “Девҳои сурх” боварӣ доранд, ки то анҷоми равзанаи гузаришҳои тобистона як ниммуҳофизатгарро ба даста ҷалб мекунанд.  Бозигари дастаи “Реал” - Каземиро ҳадафи асосии Юнайтед аст, аммо бо Карло Анчелотти, ки мухолифи фурӯши бозигар аст, муошират кардан душвор хоҳад буд. "Манчестер Юнайтед"  хоҳиши даъвати Френки де Йонгро дорад.  “Барселона” ин пешниҳодро қабул намуд, вале худи бозигари ҳоландӣ дастаи каталониро тарк кардан нахост.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив