LIVE

Ван де Бек моҳи январ бозигари «Барселона» мешавад

"Манчестер Юнайтед" омодааст, ки моҳи январ Донни ван де Бек-ро ба "Барселона" диҳад. Ниммуҳофизатгари ҳоландӣ  ба хулосае омад, ки тағйири даста намояд.  
“Барселона” ҳамеша ба ван де Бек таваҷҷуҳ дошт ва ҳоло, ки ӯ аз мавқеъи худ розӣ нест каталониҳо аз ин имконият истифода кардан мехоҳанд.  Ба “Барселона” бозигаре лозим аст, ки маркази майдонро мустаҳкам карда тавонад. Ниммуҳофизатгари "Манчестер Юнайтед" барои ин хусусиятҳо комилан мувофиқ аст. Клуб бовар дорад, ки ӯ метавонад трансфери нокоми нимҳимоятгари ПСЖ Жоржиню Вейналдумро ҷуброн намояд.  
Дар ин мавсим, ван де Бек дар чемпионати Англия ҳамагӣ 6 дақиқа дар майдон бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив