LIVE

Месси метавонад, ки моҳи январ тарки "Барселона" кунад

Футболбози "Барселона" - Лионел Месси ҳанӯз ҳам умед дорад, ки ба "Манчестер Сити" кӯч мебандад. Тибқи иттилои Marca, гузариши метавонад ҳанӯз моҳи январ сурат гирад. Рафтани Мессиро барвақтар аз “Барселона” ба мушкилоти молии дастаи каталонӣ рабт медиҳанд.  Раҳбарияти “Барселона" чанд рӯз қабл аз бозигарон ва кормандон хоҳиш кардааст, ки аз маоши пурраи худ даст бикашанд. Ин хулоса ба натиҷаи шартномаи футболбозон низ таъсир мегузорад. Дар сурати розигӣ додан, бозигарон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки қарордоди худро дар моҳи январ бидуни розигии дастаашон бекор кунанд. Тибқи иттилои Marca, Лионел Месси, ки тобистони имсол бо “Манчестер Сити” рафтан мехост, метавонад аз ин вазъ истифода карда, моҳи январ дастаашро тағйир диҳад.
Forbes қаблан Мессиро баландмаоштарин футболбози ҷаҳон дар соли 2020 эълон карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив