LIVE

Рустам Хоҷаев: "Фардо мо мухлисони худро шод хоҳем кард"

Сармураббии «Хуҷанд» Рустам Хоҷаев дар нишасти хабарии пеш аз бозии финали минтақаии Ҷоми AFC-2022: «Хуҷанд» - «Суғдиёна» ширкат варзид. 
Аз бозии фардо чӣ интизориҳо доред?
- Салом. Хуб, дар бораи бозии пагоҳ чӣ гуфтан мумкин аст. Табиист, ки мо дар бораи рақиб ба қадри кофӣ маълумот дорем, бозии ҳарифро дидем, вале мо ба бозӣ ва омодагии худ бештар аҳамият медиҳем ва фикр мекунам, ки мо омода ҳастем. Фардо мо мухлисони худро шод хоҳем кард.
Дастаи «Суғдиёна» яке аз пешсафони «Суперлига»-и Ӯзбакистон аст, бозӣ кардан бо онҳо нисбат ба рақибонатон дар марҳилаи гурӯҳӣ мушкилтар аст?
- Мо медонем, ки "Суғдиёна" аз рақибони мо дар марҳилаи гурӯҳӣ пуркувваттар аст, аммо бори дигар такрор мекунам - мо омодагӣ дидаем ва бо онҳо чӣ гуна бозӣ карданро медонем. Мо чӣ гуна бозӣ мекунем, ба қувваи рақиб чӣ гуна муносибат мекунем, бози нишон медиҳад.
«Хуҷанд» ду бозии охирашро бохт, даста ба бозии фардо то чӣ андоза аз ҷиҳати равонӣ омода аст?
-Фардо маълум мешавад, ки даста то чи андоза омода аст, аммо ба фикрам, даста дар вазъияти муътадил аст, мо омодаем фардо бо ҳариф мубориза барем.
Оё шумо метавонед ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи рақиби фардоатонро номбар кунед?
— Мо дар ин ҷо дар бораи чиҳатхои кувваю заъфи хариф харф намезанем, вазифаи мо он аст, ки ба бозигарон расонем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив