LIVE

"Хуҷанд" бар муқобили "Суғдиёна" дар майдони худ бозӣ мекунад

"Хуҷанд" "Суғдиёна"-ро дар финали минтақавӣ қабул мекунад. 
Имрӯз дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур қуръакашии даври плей-оффи Ҷоми AFC-2022 баргузор шуд.
Бар асоси натоиҷи қуръакашӣ, дар финали минтақавӣ, ки рӯзи 17-уми август баргузор мешавад, бошгоҳи футболи “Хуҷанд” ҳамчун тими мизбон дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” тими “Суғдиёна”-и Ӯзбекистонро қабул мекунад. Ҷоми КФО-2022. Финалҳои минтақавӣ.
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) - "Суғдиёна" (Ӯзбекистон)
17 август (чоршанбе).
Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив