LIVE

«Хуҷанд» дар финали минтақаи марказӣ бо "Суғдиёна" бозӣ мекунад

Ноибқаҳрамони Тоҷикистон дастаи «Хуҷанд» ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми КФО-2022 шуда, ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфт.

Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «F» «Хуҷанд» дар шаҳри Бишкек бо тими “Дордой” қаҳрамони Қирғизистон мусовӣ кард (0:0).

Дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 «Хуҷанд» бо ноибқаҳрамони Ӯзбекистон, «Суғдиёна», ки дар чоргонаи «Е» мақоми аввалро касб кард, вомехӯрад. Макони баргузории бозии финалии минтақаи марказӣ дар натиҷаи қуръакашӣ, ки 14 июл барпо мегардад, муайян карда мешавад.

Ҷоми КФО-2022
Гурӯҳи F. Даври 3
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) – 0:0
30 июн. Бишкек. Варзишгоҳи Долон Омурзоқов.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив