LIVE

Ғалабаи "Хуҷанд" бар "Копетдаг" дар даври аввали Ҷоми КФО-2022

Ноибқаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи футболи “Хуҷанд” дар бозии якуми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «F» бар тими “Копетдаг”-и Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дубли Далер Ёдгоров ва голи Тоҳир Малодӯстов  ба бошгоҳи мо се имтиёз оварданд.

Ҳамакнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 рӯзи  30-юми июн тими «Хуҷанд»  бо қаҳрамони чандкаратаи Қирғизистон дастаи «Дордой» бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Бояд қайд кард, ки танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври навбатии Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

 

Ҷоми КФО- 2022

Гурӯҳи «F». Даври 1


«Копетдаг» (Туркманистон) — «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) —  1:3.

Голҳо: Далер Ёдгоров, 3 (0:1). Далер Ёдгоров, 7 (0:2). Бегенч Акмамедов, 58 (1:2). Тоҳир Малодӯстов, 85 (1:3).

«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Шоҳрух Кирғизбоев, Наимҷон Иброҳимзода, Фирдавс Абдусалимов, Фирдавс Чақалов (Алишер Баротов, 63), Самандар Очилов, Эҳсон Бобоев (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 90+2), Андрей Левковетс (Ҳоҷибой Зиёев, 83), Сергей Сканян (Сорбон Авғонов, 63), Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов (Тоҳир Малодӯстов, 63), Ҷаҳонгир Эргашев.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Далер Ёдгоров («Хуҷанд»).

24 июн. Бишкек. Варзишгоҳи Долон Омурзоқов. 251 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив