LIVE

"Аз аввал то охирин дақиқаи бозӣ мубориза хоҳем кард"

Капитани "Истиқлол" -и Душанбе Алишер Ҷалилов дар посух ба суолҳои хабарнигорон гуфт, ки дар бозӣ бо "Персеполис" аз аввал то дақиқаи охирин мубориза хоҳанд кард.

- "Пагоҳ рӯзи футболи калон аст ва ман ҳамаи ҳамватанони худро бо ин муносибат табрик мегӯям. "Персеполис" дар се мавсими гузашта ду маротиба ба бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфт. Бешубҳа, ин далели он аст, ки рақиби мо дар бозии фардо дастаи пурқуввату тавоно мебошад.

Мо ба дастаи рақиб эҳтиром дорем, аммо заррае эҳсоси тарсу ҳарос намекунем. Дар бозии фардо чун дар дигар бозиҳо тамоми қувваи худро дар майдон гузошта, то дақиқаи охирини бозӣ мубориза мекунем. Дастгирии мухлисон ба мо нерӯи тоза мебахшад. Мухлисони мо аз беҳтарин мухлисон ҳастанд. Барои хурсандии онҳо мо ҳар кори аз дастамон меомадаро иҷро мекунем."-гуфт, капитани "Истиқлол" Алишер Ҷалилов.

P.S. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мухлисони футболи ватаниро ба бозии марҳилаи 1\8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 байни дастаҳои футболи "Истиқлол" (Тоҷикистон)- "Персеполис" (Эрон) даъват менамоем.
Оғози бозӣ - соати 20:00
Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив