LIVE

Мубин Эргашев: «Мо аз «Персеполис» ҳарос надорем»

Имрӯз, 13-уми сентябр дар толори маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Персеполис”-и Эрон баргузор шуд. Дар ин нишаст сармураббиҳо ва сарвонҳои ҳарду даста ба суоли хабарнигорон ҷавоб доданд. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи "Истиқлол" Мубин Эргашев дар нишасти хабарӣ ба саволҳои хабарнигорон чунин ҷавоб дод.

"Боиси ифтихор аст, ки бори аввал дастаи тоҷикистонӣ дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳои Осиё ҳунарнамоӣ мекунад. Мо бо дастаи рақиб хуб ошно ҳастем. «Персеполис» яке аз тимҳои пурқуввати қора ба шумор меравад. Дар ҳайати он бозигарони ҳирфаӣ бозӣ мекунанд. Аммо мо низ ба ин марҳила ба осонӣ роҳ наёфтем. Аз дастаи рақиб ҳарос надорем", - мегӯяд Мубин Эргашев.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив