LIVE

Рақиби "Истиқлол" дар даври 1/8 ниҳоии ЛЧО маълум шуд

Рақиби қаҳрамони Тоҷикистон "Истиқлол" -и Душанбе дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 маълум шуд.
Дар даври 1/8 ниҳоии ин мусобиқаи маъруфи Осиё "Истиқлол", ки дар гурӯҳи "А" мақоми аввалро касб кард, бо беҳтарин дастаи гурӯҳи "Е" - "Персеполис" -и Эрон бозӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки дастаи "Персеполис" ду маротиба ба финали ЛЧО баромадааст.
Рақобати мазкур рӯзҳои 13-ум ё 14-уми сентябр дар Душанбе баргузор шавад. 
      
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив