LIVE

Яҳё Гулмуҳаммадӣ: "Мо бар зидди "Истиқлол" силоҳи пинҳонии худро дорем"

Имрӯз, 13-уми сентябр дар толори маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Персеполис”-и Эрон баргузор шуд. Дар ин нишаст сармураббиҳо ва сарвонҳои ҳарду даста ба саволҳои намояндагони  ВАО ҷавоб доданд.
Нахустин шуда сармураббии дастаи “Персеполис” Яҳё Гулмуҳаммадӣ ба саволи рӯзноманигорон ҷавоб дод.

"Дастаи “Истиқлол” яке аз тимҳои ҷавон ва пурқуввати Осиё ба ҳисоб меравад. Ин тими душанбегӣ қаблан дар қораи Осиё ҳангома нишон дод. Мо вақтҳои охир аз тамошо ва таҳлили бозиҳои маҳаллии “Истиқлол” маҳрум будем. Намедонем, ки рақиб бо мо чӣ гуна бозӣ мекунад. Ба ҳар ҳол ин варзиш аст ва мо низ бар зидди “Истиқлол” силоҳи пинҳонии худро дорем", - гуфт Яҳё Гулмаҳаммадӣ дар нишасти хабарӣ.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Персеполис” фардо 14-уми сентябр соати 20:00 баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив